понедельник, 21 апреля 2014 г.

Дар Самарқанд 100-солагии зодрӯзи Фотеҳ Ниёзӣ ҷашн гирифта шуд

Дар Самарқанд 100-солагии зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фотеҳ Ниёзӣ ҷашн гирифта шуд. Дар тадбир аҳли илму фарҳанги Самарқанд ва меҳмонон из Тошканду Душанбе иштирок доштанд.

 Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Фотеҳ Ниёзӣ профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд (ДДС) Аслиддин Қамарзода маърӯза кард.



Фотеҳ Ниёзӣ 18 апрели соли 1914 дар гузари Сӯфӣ Розиқи шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Ӯ дар Академияи педагогии Самарқанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарқанд) ва шӯъбаи шабонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгорони Тошканд ба номи Низомӣ таҳсил кардааст. Фаолияти эҷодии худро дар рӯзномаҳои “Зарафшон” ва “Овози тоҷик”, ки дар шаҳри бостонӣ нашр мешуданд, оғоз кардааст. Ӯ ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър ва ҳикояҳо менавишт.

Соли 1934 Фотеҳ Ниёзӣ ба Душанбе рафт ва барои равнақу ривоҷи матбуоти тоҷик саҳми арзанда гузошт. Охири соли 1941 ба фронт рафт ва ҳам бо яроғ, ҳам бо қалам ба муқобили фашизм мубориза бурд. Аз ин сабаб мавзуи ҷанг дар эҷодиёти Фотеҳ Ниёзӣ мавқеи ба худ хосе дорад. Ин мавзӯ дар асарҳои зерини ӯ – романи дуҷилдаи “Вафо”, романи “Ҳар беша гумон мабар, ки холист”, драмаи “Кӯпрук”, “Қиссаи Димаи диловар” ифодаи худро ёфтааст. Фотеҳ Ниёзӣ ҳамчун драматург ва кинодраматург асарҳо навиштааст.
 
Дар баромади худ А.Қамарзода қайд намуд, ки ҳисси ватандӯстӣ, ору номус, ҷавонмардӣ, инсонпарварӣ мазмун ва моҳияти асосии асарҳои нависандаи шоистаро ташкил менамоянд. Бесабаб нест, ки асарҳои ӯ ба якчанд забонҳо, аз ҷумла ҳамаи романҳояш ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шуданд.

Дар охири сухани худ А.Қамарзода ба хешу наздикони Фотеҳ Ниёзӣ, ки барои гузаронидани ҷашни 100-солагии устод саъю кӯшиш намуданд, миннатдорӣ изҳор кард. Ӯ қайд намуд, ки хусусан ҷияни устод Сӯҳроб Ҳамроқулов ва хеши наздикашон Фаррух Бақозода дар ин кор саҳми арзанда гузоштанд.

Дар мавриди ҷашни зодрӯзи Фотеҳ Ниёзӣ досенти ДДС Абдусалом Самадов гуфт, ки ҳаёт ва фаъолияти серқирраи устод намунаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Ӯ шоири барҷастаи ӯзбек Ҳамид Олимҷонро устоди худ мешуморид. Асарҳои нависандагон Абдулло Қодирӣ, Шароф Рашидов, Асқад Мухторро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.

Дар баромади худ шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллии ҶТ Гулназар Келдиев оиди шахсият, асарҳо ва хидматҳои беназири соҳибҷашн сухан ронд. Вай қайд кард, ки самарқандиён номи ҳамшаҳири худ – Фотеҳ Ниёзиро зинда медоранд. Ин шоҳистаи таҳсин ва эҳтиром аст.  

Адабиётшинос, мунаққид Абдураҳмон Абдуманнонов дар бораи фазилатҳои одамгарии Фотеҳ Ниёзӣ сухан ронда, чунин гуфт: Ман фахр мекунам, ки бо устод дӯстигарӣ доштам. Чанд борҳо ба Самарқанд ҳамроҳашон омада будам. Ҳеч вақт синну соли ва обрӯ эътибори худро зоҳир намекарданд. Ҳам виқор доштанд ва ҳам хоксор буданд. Барои рушди адабиёти тоҷик саъю кӯшиши худро дареғ намедоштанд. Ҳамчун аъзои таҳририяти нашриёти “Советский писатель” дар Маскав барои ба забони русӣ нашр кардани китобҳои нависанда ва шоирони тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Тошпӯлод Раҳматуллоев

Дар сурат (аз чап ба рост): Гулназар, А.Абдуманнонов, С.Ҳамроқулов, А.Қамарзода.
Аксбардор муаллиф.


Комментариев нет:

Отправить комментарий