вторник, 15 апреля 2014 г.

Ҷашни зодрӯзи устод Айнӣ дар Самарқанд

Дар хона-музеи устод Садриддин Айнӣ бахшида ба 136-умин солгарди зодрӯзи адиби машҳур чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар тадбир олимон, шоирон, нависандагон, донишҷӯён, хуллас аҳли адабу фарҳанги Самарқанд ширкат доштан.


Чашни зодрӯзи устод Айниро профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода кушода, дар хусуси хизматҳои беназири устод Айнӣ сухан ронд. Сипаз намаяндагони аҳли адаби Самарқанд Нусрат Раҳмат, Салим Кенҷа, Нормурод Каримзода, Абдукарим Ғаниев ва дигарон суханронӣ доштанд ва шоирон шеърҳои худро хонданд.

Мактаббачагон ва донишҷӯён аз асарҳои устод Айнӣ порчаҳо ва шеърҳоро қироат карданд.

Дар тадбир ходимони сафоратхонаи Ҷумҳурии Точикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Тошпӯлод Раҳматуллоев


Комментариев нет:

Отправить комментарий