вторник, 16 апреля 2019 г.

Ҷашни зодрўзи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд


Дар мактаби таълими умумии рақами 22-юми шаҳри Самарқанд 141-солагии зодрӯзи устод баргузор гардид, ки дар он равшанфикрон, аҳли қалам, олимону омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики вилоят ширкат варзиданд.

Ҳозирон нахуст зери пояи ҳайкали адиб гулчанбарҳо гузоштанд. Сипас, дар толори мактаб ҷамъомади тантанавӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ба он директори мактаб Нодира Ҳайдарова ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода, омӯзгори собиқадор Амина Шарофиддинова, тадбиркор Толиб Усмонов ва дигарон доир ба ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ ҳарф заданд. Толибилмони мактаб дар асоси повести «Мактаби кӯҳна» саҳнаи аҷоиб намоиш доданд.

Баъд аз анҷоми тадбир иштирокдорон ба муносибати зодрӯзи шоири оташқалб Пайрав Сулаймонӣ сари қабраш рафта, ояте аз Қуръони карим тиловат намуданд ва эҳтиром ба ҷо оварданд.





Зоҳир ҲАСАНЗОДА.



Комментариев нет:

Отправить комментарий